Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама расман номзади демократҳо эълон шуд


Барак Обама расман номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида эълон шуд. Дар анҷумани ҳизб дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо вакилон аз Обама пуштибонӣ карданд ва ӯ дар таърихи Амрико нахустин намояндаи африқоитаборҳо гардид, ки аз номи бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар барои Кохи Сафед талош мекунад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ҷараёни раъӣдиҳӣ хонум Ҳиларӣ Клинтон пешниҳод кард, ки раъӣдиҳӣ қатъ ва Обама якдилона номзади ҳизб эълон шавад.

Дар интихоботи президентии ИМА, ки қарор аст рӯзи 4 ноябр доир шавад, Барак Обама бо номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG