Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар анбори тиру силоҳ дар Лозовая


Дар Укроин, аз минтақае, ки анбори тиру силоҳ оташ гирифтааст, беш аз 6 ҳазор нафар ба ҷойи амн кӯч дода мешаванд. Ба маҳалли канори истгоҳи Лозовая дар вилояти Харков, ки анбори тиру силоҳ он ҷо воқеъ аст, нерӯҳои иловагии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, техникаи махсус ва тонкҳои оташнишон фиристода шуданд. Ба иттилоъи низомиён, айни ҳол аз чаҳор се ҳиссаи анбор, ки он ҷо тақрибан сад ҳазор тонна тир маҳфуз буд, ба оташ кашида шудааст. Дар бораи қурбониёни ҳодиса иттилоъе нест. Убури қаторҳои мусофирбар аз тариқи истгоҳи Лозовая манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG