Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати беш аз 50 тан дар набардҳо дар Афғонистон


Дирӯз бар асари ҳамлаҳои террористӣ ва задухурдҳо дар Афғонистон беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли кишвар, бар асари таркиши мошин аз майн як низомии олмонӣ кушта шуда, се ҳамсафари дигараш ҷароҳат бардоштанд. Дар вилояти Ғазнӣ ҳамин гуна таркиши майн мунҷар ба ҳалокати чаҳор корманди полис гардид.

Ба иттилоъи мақомоти вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, дар як ҳамлаи ҳавопаймои низомии нерӯҳои байнулмилалӣ беш аз 30 тан аз толибон ба ҳалокат расиданд. Боз дасти кам 18 нафари дигари онҳо дар задухурд бо нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Дар бораи талафот миёни низомиёни афғон ва нерӯҳои байнулмилалӣ дар ин задухурдҳо иттилоъе зери даст нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG