Пайвандҳои дастрасӣ

Вилояти Анборро ироқиҳо таҳти назорат хоҳанд дошт


Нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ рӯзҳои наздик назорат аз болои вилояти Анборро дар ихтиёри нерӯҳои амниятии ироқӣ мегузоранд. Дар ин бора намояндаи ҳайати фармондеҳии ИМА генерал Ҷеймс Конвей хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, вазъи амниятӣ дар ин минтақаи воқеъ дар ғарби Ироқ, ки қаблан мақари аслии ошубгарони суннимазҳаб маҳсуб мешуд, вақтҳои ахир беҳбуд ёфтааст ва низомиёни ироқӣ метавонанд Анборро таҳти назорати худ бигиранд.

XS
SM
MD
LG