Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтгонаи бузург" Русияро маҳкум кард


Мақомоти ҳафт кишвари пешрафтаи санъатии олам тасмими Русия барои эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро маҳкум карданд. Вазирони хориҷаи Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон дар як изҳорот эълом доштанд, ки “ин гоми Русия хостори сулҳу оромӣ дар Қафқоз буданашро зери шубҳа мебарад”.

Кишварҳои узви “ҳафтгонаи бузург” аз Маскав даъват карданд, ки нуктаҳои созиши сулҳи аз сӯи Фаронса пешниҳодшударо иҷро кунад ва аз ҷумла, низомиёнашро ба мавзеъҳои то шурӯъи низоъ интиқол диҳад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дирӯз бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тамоси телефонӣ гирифт ва изҳор намуд, ки "ҳузури артиши Русия дар қаламрави Гурҷистон хилофи созиши сулҳ ва оташбас миёни ҷонибҳои даргир аст".

XS
SM
MD
LG