Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ландаҳурон"-и ҷаҳон дар Ҷашнвораи Венис


Ҳунарпешаи номдори синамо Ҷорҷ Клунӣ дар ифтитоҳи Ҷашнвораи Венис, 27 августи соли 2008.

Ҳунарпешаи номдори синамо Ҷорҷ Клунӣ дар ифтитоҳи Ҷашнвораи Венис, 27 августи соли 2008.

Аз 27-уми август то 6-уми сентябр дар Венис ё Венетсия ҷашнвораи байнулмилалии синамо идома хоҳад кард.

Ҷашнвораи синамои Венис ё Венетсия имсол бо як мазҳакае оғоз меёбад, ки ба воситаи яке аз симоҳои марказияш, ҷосуси Идораи марказии кашфи Амрико ё СIA то ҷое ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир пайванд мегирад.

Филми нави бародарони Коен бо номи "Баъди хондан, бисӯзон" пиромуни хотираҳои ҷосуси собиқ мечархад, ки ду корманди толори варзиш мехоҳанд, ин ёддоштҳоро бифурӯшанд ва мушкилоти зиндагии худро ҳал кунанд.

Бозии ситораҳои синамои Ҳоливуд, Бред Пит, Ҷорҷ Клунӣ ва Ҷон Малкович қарор аст, ҳазорон мухлиси синаморо ба Венис ҷалб кунад. Нависанда ва филмсозон, бародарон Ҷоил ва Этан Коенҳо дар ин ва ҳам дар филмҳои пешинаи худ асосан сарнавишти ба истилоҳ "ландаҳурон" ё "аҳмақони"-и ҷаҳони имрӯзаро пажӯҳиш мекунанд ва Ҷоел мегӯяд, андешаи ин ки ландаҳурон дар дунё ангуштшуморанд, ғалат аст, онҳо шояд аксарияти кул бошанд.

Аз кишварҳои форсизабон имсол танҳо Эрон дар ҷашнвора ширкат мекунад, дар ҳоле ки дар соли гузашта Афғониятон танҳо ширкаткунандаи он буд. Вале ширкати Эрон имсол хеле густарда аст. Чаҳор филми коргадонҳои эронӣ ба ҷашнвора роҳ ёфтаанд. Дар озмуни аслӣ Амри Нодирӣ бо филми "Рӯъёи Лаг-Вегас", дар бахши "Уфуқҳо" ду коргардони ҷавони эронӣ, Ромини Баҳронӣ аз Ню Йорк ва Баҳмани Мӯтамидиён аз Теҳрон бо филмҳои "Худо ҳофиз, Сулу" ва "Хастагӣ" вориди сабқат мешаванд.

Филми нави коргардони саршиноси Эрон Аббоси Каёрустамӣ "Ширин" берун аз барномаи сабқат дар Венис намоиш дода мешавад. Марко Мулер, мудир ҷашнвораи синамои Венис мегӯяд, номи ду филми ҷавонтарин коргардонҳои дунё танҳо пеш аз намоиши онҳо ошкор хоҳанд гашт. Вай афзуд, яке аз коргандонҳо эронист.

XS
SM
MD
LG