Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 27 август киштии амрикоии “Даллас” ҳомили кӯмакҳои башарӣ вориди бандари Батумии Гурҷистон шуд.

Ин дуввумин киштии ҳомили ёриҳои Амрико ба Тифлис дар пайи низоъи низомии миёни Гурҷистону Русия аст. Киштии нахустин “Ю Эс ЭС Макфаул” се рӯз пеш низ дар бандари Батумӣ поин шуда буд. “Ю Эс ЭС Макфаул” рӯзи 26 август аз Батумӣ хориҷ шуд, вале ба гуфтаи сухангӯяш, дар обҳои баҳри Сиёҳ боқӣ хоҳад монд.

Ибтидо қарор буд, ки киштии “Даллас” дар бандари Потӣ, ки феълан таҳти назорати нирӯҳои Русия қарор дорад, лангар партояд, вале нохудои киштӣ Ҷон Мур имрӯз дар Батумӣ ба хабарнигорон сабабҳои тағйири масири ҳаракати киштиро чунин тавзеҳ дод:

“Мо ҳама интихобҳоро дар даст доштем ва қарор шуд, ки ба Батумӣ биравем. Мо мехостем мутмаъин бошем, ки амвол ва кӯмакҳои башарӣ ба дурустӣ ва ба зудӣ бирасанд ва ба ҳамин хотир, мо ба Батумӣ омадем.”

Муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Анатолий Ноговитсин гуфт, артиши дарёии Русия ба ҳаракати киштиҳои паймони НАТО дар баҳри Сиёҳ назорат мекунад:

“ Дар ин шароит, ки ҳузури нирӯҳои дарёии НАТО дар баҳри Сиёҳ меафзод, артиши дарёии мо низ ба назорати фаъолиятҳои онҳо пардохтааст.”

Генерал Ноговитсин рӯзе қабл гуфта буд, ки Русия мухолифи дар бандари Потӣ лангар партофтани киштии амрикоӣ нест, балки ин ба нирӯҳои русӣ имкон медиҳад, бо худ чӣ овардани он киштиро маълум кунанд.

Рӯзи 27 август як гурӯҳи киштиҳои низомии Русия вориди обҳои дарёии Абхозистон, яке аз ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон шуданд. Як мақоми баландпояи артиши дарёии Русия ҳадафи ин гурӯҳи эъзомиро пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ин минтақа, ҷилавгирӣ аз вуруди таслиҳот ва таҳвили кӯмакҳои башарӣ ном бурдааст.

Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Гурҷистон Екатерине Ткешелашвили рӯзи 27 август гуфт, Тифлис дар вокуниш ба тасмими рӯзи сешанбеи Русия, ки истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро расман эътироф кард, ба истиснои ду дипломат, боқии кормандони сафораташро аз Маскав фаро хондааст. Гурҷистон сафири худро аз пойтахти Русия ҳанӯз дар моҳи июл, дар пайи нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон аз сӯи ҷангандаҳои русӣ пас хонда буд. Аммо вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвили гуфта, ки Тифлис дар марҳалаи кунунӣ қасди қатъи комили равобити дипломатӣ бо Маскавро надорад.

Эътирофи ин ду вилоят аз сӯи Маскав ҳамчунон як мавзӯъи аслии вирди забони раҳбарони ҷаҳон боқӣ мемонад.

Рӯзи чоршанбе садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як тамоси нимсоатаи телефонӣ бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, ин тасмим қавонини байналмилалиро поймол мекунад. Садри аъзами Олмон иқдоми рӯзи сешанбеи Русияро башиддат интиқод карда, онро мухолифи қатъномаҳои аз сӯи Русия низ тасвибшудаи Шӯрои Амнияти СММ ва ҳам бо қарордоди шашбандаи оташбас миёни Русияву Гурҷистон номидааст. Ангела Меркел ҳамин тавр бо ишора ба идомаи ҳузури нирӯҳои Русия дар манотиқи хориҷ аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, аз ҷумла дар Потӣ, хуруҷи билофосилаи нирӯҳои русӣ аз Гурҷистонро тақозо кардааст.

Паймони низомии НАТО низ рӯзи 27 август мукарраран ин иқдоми Русияро маҳкум кард. Сафирони кишварҳои узви НАТО дар Бруксел ин тасмими Маскавро бо қатъномаҳои ахири Шӯрои Амнияти СММ дар бораи тамомияти арзии Гурҷистон дар таноқуз дарёфта, аз Русия хостаанд, ин қарори худро лағв кунад.

Паймони НАТО дар як баёния гуфтааст, Маскав бо ин иқдомаш ӯҳдадориҳои худ дар мавриди сулҳу субот дар Қафқозро зери шубҳа мегузорад.

Мавзӯъи Гурҷистон рӯзи чоршанбе дар Киев дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Милибанд ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо раҳбарони Украина низ баррасӣ мешавад.

Дейвид Милибанд аз мунаққидони тунди амалкардҳои ахири Русия дар Гурҷистон ва тасмими рӯзи сешанбеаш ҷиҳати ба расмияти шинохтани истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубист ва ҳанӯз пеш аз озими Киев шуданаш гуфтааст, сафари имрӯзаашро ба хотири ташкили як эътилофи ҳарчӣ густардатари байналмилалӣ алайҳи таҷовузи Русия ба Гурҷистон истифода хоҳад бурд.

Рӯзи чоршанбе раисиҷумҳури ғарбгарои Украина Виктор Юшенко эътирофи истиқлолияти вилоятҳои ҷудоиталаби Гурҷистон аз ҷониби Русияро ҳамчун як амали “ғайриқобилиқабул” маҳкум кард ва гуфт, ин амал амният дар паҳнои шӯравии пешинро дучори таҳдид мекунад.

“Мо изҳори таассуф мекунем, ки чунин қарор қабул шуд. Ин барои Украина ғайриқобилиқабул аст ва аз ин рӯ, мо наметавонем аз чунин мавзеъ пуштибонӣ кунем.”

Вазири пешини умури хориҷии Украина Анатолий Зленко ҳам вазъи бар сари Гурҷистон пешомадаро барои Украина низ хатарзо унвон кардааст.

Аксарияти ҷамъияти нимҷазираи Қрими Украинаро русзабонҳо ташкил медиҳанд ва дар ин кишвар бисёриҳо тарс доранд, ки нуқтаи навбатии доғ метавонад ҳамин минтақа шавад. Ба вижа дар ҳоле ки як артиши бузурги дарёии Русия дар шаҳри Севастополи Қрим мустақар аст ва истифодаи бепурсиши киштиҳои низомии ин пойгоҳ дар низоъи ахири миёни Гурҷистону Русия як мояи дигари танишҳо байни Киеву Маскав шудааст.

XS
SM
MD
LG