Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО эътирофи истиқлоли ҷудоихоҳонро маҳкум кард


Кишварҳои узви паймони НАТО эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон аз ҷониби Русияро маҳкум карданд.
Дар поёни нишасти Брусел сафирони кишварҳои НАТО аз Русия даъват карданд, ки қарорашро лағв намояд, зеро он ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди ҳифзи тамомияти арзии Гурҷистон мухолифат дорад.
Сафирони кишварҳои НАТО изҳор намудаанд, ки амали ахири Русия "садоқати ин кишвар ба сулҳу амнияти дар Қафқозро зери шубҳа мегузорад."
Дар ин иртибот вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ гуфт, ки ба истиснои ду дипломат кормандони боқимондаи сафорати Гурҷистон дар Маскав ба ватан бозхонда шудаанд.


Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG