Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили эътилоф бар зидди таҷовуз дар Гурҷистон


Вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибанд ба Украина сафар кардааст, то ташкили эътилоф бар зидди ба истилоҳи номбурда "таҷовуз" дар Гурҷистонро баррасӣ намояд. Зиёрати Украина як рӯз пас аз эътирофи расмии истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз ҷониби Русия ба вуқӯъ пайвастааст.
Кишварҳои ғарбӣ ин амали Русияро маҳкум намуда, афзудаанд, ки ҳадафи навбатии Русия Украина буда метавонад.
Рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс президенти Украина Виктор Юшенко эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистонро маҳкум намуда, илова кард, ки қарори Русия амнияти тамоми кишварҳои собиқ Шӯравиро бо таҳдид мувоҷеҳ менамояд.
Раисҷумҳури Украина мисли раҳбари Гурҷистон рӯ ба Ғарб буда, ҷонибдори узвияти кишвараш дар паймони НАТО мебошад. Дар Украина ҳам ақаллияти бузурги ҷонибдорони Русия ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG