Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди вазъият дар Покистон


Бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар шимолу ғарби Покистон дар рӯзи 27 август наздик ба 40 силоҳбадаст кушта шуданд.

Авҷи хушунат ва нигарониҳои сиёсӣ рахна дар сафҳои ҳукумати Покистонро васеътар намуда, қимати авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои ин кишварро поин бурд.

Ҳамин тариқ, умеду орзуи таҳкими назму субот баъди истеъфои ҳафтаи гузаштаи президентии ин кишвар Парвиз Мушарраф аз байн рафт, зеро ду рӯз пеш эътилофи ҳокими ин кишвар пароканда шуд. Ҳизби собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳутто, ки раҳбарии эътилофро бар дӯш дошт, дар масъалаи вориси курсии Мушарраф ва бозгардони додгустарҳои барканоршуда дар мақомҳои пештараашон бо ҳизби собиқ сарвазири дигари Покистон Навоз Шариф ба мувофиқат нарасиданд. Ба қавли шореҳон, хуруҷи ҳизби Навоз Шариф ба эътилофи ғаривоқеии ду ҳизби рақиб хотима бахшид.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Покистон иброз доштаанд, ки нигарониҳои сиёсӣ ба азми ҳукумат дар мубориза бо ҷангҷӯён осоре нагузоштааст. Ба гуфти низомиёни покистонӣ, рӯзи 27 август дар ҷараёни амалиёти низомии артиши Покистон дар назди марзи ин кишвар бо Афғонистон 41 ҷангҷӯй ба қатл расиданд. Як фармондеҳи артиши Покистон, ки нахостааст номаш ошкор шавад, ба хабарнигори Рейтерс гуфтааст, ки нимашаб ҷангҷӯён ба як посгоҳ дар вилояти Ҷануби Вазиристон ҳамла карданд, вале бо зарбаи ҷавобии ҳукумат 11 силоҳбадаст кушта шуданд. Сипас ба иттилои ҳамин манбаъ дар минтақаи Баҷаури назди марз бо Афғонистон 30 силоҳбадаст ва аз ҷумла чанд ҷангҷӯи узбак ба қатл расиданд.

Шояд интихоби президенти нави Покистон вазъи ин кишварро оромтар намояд. Феълан, ҳизби мардумии Бҳутто шавҳари сарвазири фақид Осиф Алӣ Зардориро номзад ба курсии рёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кардааст. Ҳизби Шариф бошад, собиқ додгустари Додгоҳи Олӣ Сайидуззамон Сиддиқиро аз номи ин ҳизб ба сабқати раёсатҷумҳурӣ матраҳ намудааст.

Тарафдорони президенти собиқи Покистон Парвиз Мушарраф ҳам аз сабқат барканор нестанд. Онҳо Мушоҳид Ҳусайн Саидро ба курсии президент пешбарӣ кардаанд.

Шореҳон тахмин мекунанд, ки Зардорӣ имкони бештари пирӯзӣ дорад, зеро шумораи ҷонибдоронаш бузургтар аст.

Дар хабари дигар аз Покистон гуфта мешавад, ки рӯзи чоршанбе, 27 август, 8 додгустари покистонӣ савганд ёд намуда, ба кор баргаштанд. Бисёре аз ҳуқуқшиносон ин амалро ҳамчун кӯшиши ташкили рахна дар байни додгустарҳо арзёбӣ мекунанд. Додгустарҳо бар ин назаранд, ки тамоми ҳамкорони онҳо ва мин ҷумла раиси Додгоҳи Олӣ Ифтихор Муҳаммад Чавдрӣ, ки аз тарафи президент Мушарраф барканор шуда буданд, бояд дар мансабҳои пештараашон барқарор шаванд.

XS
SM
MD
LG