Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли 30 ҷангҷӯй ва 4 афсари полис дар Афғонистон


Назар ба гузоришҳо аз Афғонистон ахиран дар натиҷаи силсилаи бархӯрдҳо, ҳамлаи ҳавоӣ ва таркиш 4 афсари полис ва 30 ҷангҷӯй кушта шуданд.
Гуфта мешавад, ки рӯзи сешанбе аснои гашт дар вилояти Ғазнӣ мошини полис мунфаҷир шуду чор афсар ба ҳалокат расиданд.
Дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ҳангоми амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ 18 ошӯбгар кушта шудаанд. Ҳамин гуна дар як амалиёти дигар дар минтақаи Сангини Ҳилманд наздик ба 12 ошӯбгар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG