Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Русияву Чин дар Душанбе вомехӯранд


Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти президентҳои Русияву Чин Дмитрий Медведев ва Ҳу Ҷинтао барпо хоҳад шуд. Чин ишора кардааст, ки эҳтимол дар ин нишаст мавзӯи ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон арзёбӣ шавад. Кишварҳои ғарбӣ эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз тарафи Русияро маҳкум кардаанд. Аммо Чин гуфтааст умедвор аст, ки "кишварҳои марбут дар қазия" роҳи ҳалли муносиб пайдо хоҳанд кард. Дар ҷараёни боздид аз шаҳри Душанбе раҳбарони Русияву Чин ҳамчунон 28 август дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳо Шангҳай иштирок хоҳанд кард. Президенти Русия вохӯриҳои алоҳида бо президентҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро мадди назар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG