Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: СММ истиқлоли ҷудоихоҳонро намепазирад


Кишварҳои ғарбӣ посух ба Русияро, ки рӯзи сешанбе истиқлоли минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистонро эътироф намудааст, арзёбӣ мекунад.
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс аз эҳтимол дур донист, ки СММ ин иқдоми Русияро қабул кунад. Ӯ гуфт, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ҳамоно бахше аз хоки Гурҷистон боқӣ мемонанд.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз Маскав даъват кард, ки аз ин "қарори бемасъулият" даст кашад.
Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки "паёмад"-и ин қарори РУсияро баҳс мекунад. Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 1-уми сентябр дар як нишасти изтирорӣ масъалаи мазкурро баррасӣ хоҳанд кард.
Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, Русия саъй дорад "марзҳои Аврупоро бо истифода аз нерӯ тағйир диҳад."
Президенти Русия Дмитрий Медведев дар як мақолааш дар рӯзномаи британиявии "Financial Times" навиштааст, ки сарфи назар аз ихтилофи Русия кишварҳои ғарбӣ якҷониба истиқлоли Косово аз кишвари Сербияро эътироф намуданд. Медведев афзудааст, ки дар чунин ҳол Русия маҷбур буд, истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шиносад.
Раисҷумҳури Русия раҳбари Гурҷистон Михеил Саакашвилиро масъули бӯҳрони кунуни номида, таъкид кардааст, ки дар паи ҳамлаи нерӯҳои Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ сарбозони Русия " бо ҳадафи наҷоти мардум" ба Гурҷистон дохил шуданд.

XS
SM
MD
LG