Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти Рӯдакӣ дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Созмони иҷтимоъии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба 1150-солагии ҷашни қофиласолори назми форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси байналмилалии илмиву амалӣ роҳандозӣ шуд. Ин конфронс таҳти унвони «Нақши Рӯдакӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ» сурат гирифт.

Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек гуфт, ки дар ин рӯзҳо дар саросари кишвараш ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ ҷашну тантанаҳо доман густардаанд. Вай афзуд, ин конфронс як армуғонест ба ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, ки дар толори Академияи дипломатияи Вазорати хориҷаи Қирғизистон бо ширкати намояндагони ҳукумати ин ҷумҳурӣ, олимону фозилон, шоирону нависандагон ва намояндагони илм ба вӯқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи оқои Саидов, дар ин рӯзҳо Тоҷикистон дар арафаи баргузории се маросими густарда қарор дорад. Сафири Тоҷикистон гуфт, аввал дар Душанбе Форуми тоҷикони ҷаҳон ва ба дунболи он дар саросари кишвараш таҷлили иди истиқлолият доир хоҳад шуд. Ба таъкиди Асомиддин Саидов, ҳамаи ин маросимҳоро таҷлили бузургдошти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Панҷакенти бостонӣ ҳусни хотима хоҳад бахшид.

Светлана Суслова, шоираи рустабори Қирғизистон, изҳор кард, ки Рӯдакӣ аз зумраи шоиронест, ки дар мавриди шахсият ва паҳлуҳои ашъори ӯ бузургмардони зиёд сухан гуфтаанд. Ба гуфтаи хонум Суслова, табиат баъди устод Рӯдакӣ ба олам як идда ситораҳои дурахшони адабу фарҳангро додааст, ки дар пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ нақши созанда бозидаанд.

Профессор Михаил Рудов, мудири Пажуҳишгоҳи минтақавии славяншиносӣ, гуфт, таассуф мехӯрад, ки забони ақиқи форси тоҷикиро наомӯхт, то ки мероси Рӯдакӣ ва пайравони ӯро дар ҳамон забон бихонад, ки онҳо эҷод кардаанд. Вай афзуд, бо вучуди ин тарҷумаҳои зиёдеро мавриди мутолиъа қарор додааст ва ба умқи шеърҳои адибони форсу тоҷик сарфаҳм равад, ки сарвари онҳо Рӯдакист.

Ҷениш Ҷекшиев, раиси намояндагии ЮНЕСКО дар Қирғизистон, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, устод Рӯдакӣ чашмаи ҳамешагии илҳом, хушҳолӣ, муҳаббат ва, дар маҷмӯъ, оғози тамоми эҳсосоти гуворо ва ғизои маънавии башарияти рӯи олам аст. Раиси намояндагии ЮНЕСКО гуфт, Рӯдакӣ фақат ситораи назми Хуросон ва асосгузори адабиёти қавми худ нест, балки вай кайҳо аз доираи ин минтақа берун омадааст ва мероси бузурги ӯро тамоми оламиён меомӯзанд. Ҷениш Ҷекшиев афзуд, дар анҷуман ва нишастҳои зиёд ширкат кардааст, вале бори нахуст шоҳиди он шуд, ки аҳли маҳфил бо тамоми гӯшу ҳуш гузоришҳои ироъагардидаро шуниданд ва онро бо гармӣ истиқбол карданд.

Профессор Вячеслав Шаповалов, ки ба эҷодиёти шоирони классикӣ ва муосири тоҷик як дилбастагии хос дорад, ба радиои Озодӣ пиромуни ин конфронс гуфт, эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ қисмати раванди ноёбест, ки тамаддуни умумбашариро ба олам ҳадя кардааст. Вай афзуд, мероси Рӯдакӣ он таносуб ва ҳамоҳангиро дар миёни адабиётҳо ба вуҷуд овард, ки дунёи рангоранги фарҳангҳо ва адабиётҳо муаррифӣ шудааст.

Шоири тоҷик Сиёвуш пиромуни он ҳарф зад, ки чаро Рӯдакиро Одамушшуъаро мегӯянд. Пас ашъори устодро як гурӯҳ донишҷӯён ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва қирғизӣ қироъат карданд.

Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, иброз дошт, ки ҳайати нави созмони тоҷикон баргузории чунин маҳфилҳоро ҳамеша дар мадди аввал хоҳад гузошт. Вай афзуд, зеро дар баробари ҳифзи забону фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги тоҷик дар Қирғизистон, як ҷузъи фаълияти созмони тоҷикон маҳсуб мешавад.

Амриддин Кабирӣ, ҳунарманди шоисати Тоҷикистон, шукӯҳи ин нишастро боз ҳам афзуд.

XS
SM
MD
LG