Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матолиби тозаи нашрияҳои ғарбӣ


Ба навиштаи нашрияи олмонии «Ҳанделсблатт», пас аз раъйдиҳии Думаи давлатӣ ва Шӯрои федеросюни Русия ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, Русия ба даври ниҳоии талошҳо дар Қафқоз омодагӣ мегирад, зеро қартаҳои асосии гуфтугӯ бо Ғарб ба дасти президент Медведев афтодааст. Ба қавли рӯзнома, феълан, Медведев имкон дорад маъруфияти худро ба сатҳи ба истилоҳ «ура патриотизм», ки тамоми кишварашро фаро гирифтааст, баланд бардорад. Аммо рӯзнома ба истинод ба назари таҳлилгарон навиштааст, беҳтар он аст, ки дар шароити феълӣ бояд Медведев каме сабр кунад.

Нашрия дигари олмонии «Тагесшпигел» бо истинод ба суханони вазири собиқи хориҷаи Олмон менависад, Русия бояд пазируфтани танқидро омӯзад ва суол гузоштааст, оё ҷанги нави сард оғоз мешавад? Ва посух додааст, ки имкони шурӯъи ҷанги нави сард камтар аст, аммо вазъ дар ҳоли хеле махуф қарор дорад. Зеро вазъ ба гунаи табиӣ тағйир меёбад ва имкон аст, ки хеле осон аз назорат хориҷ шавад. Ба қавли рӯзнома, мушкил танҳо Гурҷистон нест, балки бузургтар аст, мушкил дар маҷмӯъ муносиботи Русия ва Ғарб аст. Мутаассифона, навиштааст рӯзнома, ин мушкили Ғарб ҳам ҳаст.

«Таймс»-и чопи Ландан навиштааст, ки мавриди сафар ба Укроин вазири хориҷаи Британия бояд фаромӯш накунад, ки густариши НАТО дар Шарқ чӣ паёмадҳои хавфноке дорад. Ба қавли рӯзнома, қабл аз он ки Дэвид Мэлибенд, вазири хориҷаи Бритониё дар Киев сиёсати муносибот бо Русияро ба баррасӣ мегирад, бояд аз Лорд Солсбери, вазири собиқи хориҷаи кишвар омӯзад. Рӯзнома афзудааст, Солсбери ҳарчанд дар замони худ як абарқудрати ҷаҳонро намояндагӣ мекард, вале ҳамеша таъкид медошт, ки «шумо воқеан ҳам омода ҳастед, ки ҷанг кунед? Агар не, пас аз чунин сиёсати ҷангҷӯёна кор нагиред». Зеро, рӯзнома хулоса кардааст, ки Русия феълан хостор ва манфиатдори бозрасии муносиботаш ба Ғарб аст.

«Уол стрит ҷорнел»-и амрикоӣ навиштаст, ки Русия хеле хавфнок, аммо заъиф аст. Ба қавли рӯзнома, дар тули таърихи худ Русия давлати заъиф буд, аммо худро қудратманд муаррифӣ мекард. Ва навиштааст, ин бор ҳам ҳадафаш абарқудрат муаррифӣ кардани худ аст. Зеро, рӯзнома хулоса кардааст, ки маъруфияте, ки имрӯз Путин ва наздиконаш ба даст овардаанд, тавассути маҷаллаҳои ғарбӣ ва ҷанги хурди муваффақона бо Гурҷистони кӯчак аст. Ва, менависад, имрӯз Кремл хеле ба худ боварӣ дорад, зеро арзиши афзояндаи нафту гоз ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Русия ба ин имкон фароҳам овардааст.

«Ле Монде»-и Фаронса хабар додааст, ки вазири хориҷаи Швейтсария Мишлин Калми Рей омодааст бо террористи рақами яки ҷаҳон Усома бин Лодан сари мизи музокирот нишинад. Ва, навиштааст, бо ин иқдоми худ вазири Швейтсария аввалин раҳбари дипломатии кишвари демократӣ аст, ки роҳи гуфтугӯи мустақим бо раҳбари як созмони террористиро пеш гирифтааст. Ба қавли рӯзнома, Мишлин ба ин иқдоми худ асос овардааст, ки даст кашидан аз нишастан сари мизи музокирот ҳамеша бенатиҷа аст.

XS
SM
MD
LG