Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва МакКейн тасмими Маскавро маҳкум карданд


Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама ва Ҷон МакКейн тасмими Русия барои эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии худхонда – Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро маҳкум карданд. Обама хостори дар инзивоъ қарор додани Русия шуд ва аз кишварҳои олам даъват кард, ки ин амали Маскавро ғайриқонунӣ бихонанд. Ҷон МакКейн тасмими Русияро чун гоми манфӣ арзёбӣ кард ва афзуд, ки Маскав муддати тӯлонӣ талош намуд то Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистонро аз Гурҷистон ҷудо созад.

Аз ин пештар Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА аз тасмими Маскав барои эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро маҳкум карда изҳор намуд, ки ин иқдом ҷустуҷӯи роҳҳои дипломатии ҳалли низоъро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии худхонда – Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи Маскавро ҳамчунин Олмон, Британия ва Фаронса, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва НАТО низ маҳкум карданд. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ изҳор намуд, ки "баъди тасмими Маскав ҳалли низоъ дар Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ мушкилтар хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG