Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Судон як ҳавопаймои мусофирбар рабуда шуд


Ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737, ки аз сӯи афроди ношинос дар Судон рабуда шудааст, бегаҳи дирӯз бар асари кам будани маводи сӯхт дар як фурудгоҳи низомии Либия нишаст. Дар ин ҳавопаймои ширкати хусусии SunAir, ки аз шаҳри Ниялаи минтақаи Дорфур ба пойтахти Судон Хартум парвоз мекард, тақрибан сад нафар ҳузур доранд. Ба иттилоъи гурӯҳи “Ҳаракати Озодӣ”, миёни мусофирони ҳавопаймо се тан аз раҳбарони ин гурӯҳи ошубгарон низ ҳастанд, ки бо ҳукумати марказӣ созиши сулҳро имзо кардаанд.

Теъдоди ҳавопайморабоён ва талабҳои онҳо ҳанӯз маълум нест. Ба иттилоъи шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ҳавопайморабоён талош карданд, ки Боинг 737-ро сӯи Қоҳира, пойтахти Миср равона кунанд ва аммо муваффақ нашуданд.

XS
SM
MD
LG