Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: ИМА ба Гурҷистон силоҳ мефиристад


Русия Иёлоти Муттаҳидаро дар интиқоли силоҳ ба Гурҷистон муттаҳам кард. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ВВС гуфт, ки силоҳи амрикоӣ ба ин кишвари қафқозӣ зери пардаи кумаки башардӯстона ворид мешавад. Тони Фратто, намояндаи Кохи Сафед ин иттиҳомро рад кард. Аз ин пеш сафорати ИМА дар Тифлис хабар дод, ки ду киштии низомии амрикоӣ рӯзи сешанбе вориди бандари Потии Гурҷистон мешаванд ва аммо баъдан ин иттилоъро лағв кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бандари Потӣ таҳти назорати низомиёни Русия қарор дорад.
XS
SM
MD
LG