Пайвандҳои дастрасӣ

Тавлиди афюн дар Афғонистон 19% коҳиш ёфтааст


Дафтари мубориза бо ҷиноёт ва қочоқи маводи мухаддири СММ дар гузориши наваш мегӯяд, тавлиди афюн дар Афғонистон дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо як соли пеш 19 дарсад коҳиш ёфтааст. СММ инро натиҷаи комёбии маъракаи зидди кишти хашхош дар манотиқи шимол ва шарқи Афғонистон медонад. Афғонистон бузургтарин кишвари тавлидкунандаи афюн - ашёи хом барои тавлиди ҳероин - дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG