Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико қарори Пхенянро "қадаме ба сӯи ақиб" номид


Амрико қарори Кореяи шимолӣ ҷиҳати тавқифи ҷараёни тахриби таъсисоти ҳастаии он кишварро “қадаме ба сӯи ақиб" ва муноқизи шароити созишномаи халъи силоҳи Пхенян номид.

Пхенян рӯзи сешанбе эълон кард, ки тасмим гирифтааст ҷараёни тахриби корхонаҳои ҳастаияшро мутаваққиф сохта, имкони азсаргарии фаъолияти реактори ҳастаии Йонгбиёнро баррасӣ кунад. Ин тасмим имрӯз тавассути телевизиони давлатии Кореяи шимолӣ чунин эълон шуд: “Мо ба зудӣ бо дархости зиёди ниҳодҳои марбутаамон ҷиҳати эҳё ва ба ҳолати табиияш баргардонидани таъсисоти ҳастаии Ёнгбиён тасмим хоҳем гирифт.”

Вазорати хориҷаи Кореяи шимолӣ гуфт, ин тадбир вокуниш ба Амрикост, ки то кунун исми Пхенянро аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм ҳазф накардааст.
XS
SM
MD
LG