Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди шадиди Ғарб ва посухи Медведев


Раҳбари Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая гуфтааст, эътирофи Сухумиву Тсхинвали барои Русия пайомадҳои сангине хоҳад дошт.

Бритониё ва Фаронса мукарраран пуштибонии худ аз тамомияти арзии Гурҷистонро изҳор дошта, эътирофи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз ҷониби Русияро маҳкум кардаанд. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс низ ин гоми Маскавро таассуфангез номид: “Ба назари ман, ин таассуфовар аст. Ин Русияро, албатта, ба як силсила қатъномаҳои ША муқобил мегузорад. Он ҳам дар ҳоле ки Русия худ ҳамчун узви Шӯрои Амният, узви СММ ва бадтар аз ҳама, ҳамчун узви доимии ША дар таҳияи онҳо саҳм дошт.”

Дабири кулли паймони НАТО Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, Маскав бо ин иқдомаш қатъномаҳои ША дар бораи тамомияти арзии Гурҷистонро, ки Маскав худ низ имзо кардааст, рӯирост поймол мекунад.

Александр Штубб, вазири хориҷаи Финландия, ки раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, гуфта, ки тасмими Маскав принсипҳои ин созмонро зери по мекунад.

Аммо Дмитрий Медведев гуфтааст, Русия аз “Ҷанги нави сард” наметарсад, вале хостори чунин ҷанг ҳам нест.

Раисиҷумҳури Русия афзуд, агар Ғарб хостори ҳифзи равобити хуб бо Русия бошад, далелҳои Маскав дар мавриди иттихози ин тасмимро дарк хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG