Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳу Ҷинтао имрӯз ба Тоҷикистон меояд


Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳу Ҷинтао имрӯз бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, ӯ дар Қасри Миллат бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва сипас бо руъасои ҳарду маҷлиси парлумон ва бо сарвазири Тоҷикистон мулоқот кунад.

Ҳу Ҷинтао дар Душанбе ҳамчунин дар нишасти солонаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ ширкат хоҳад варзид. Дар ҷараёни сафари Ҳу Ҷинтао имзои 17 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин дар назар гирифта шудааст.

Чин аз ҳамкорони умдаи иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва бино ба омори расмӣ, дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ мизони табодули молу коло байни ду кишвар тақрибан 220 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 70 дарсад бештар аст.

XS
SM
MD
LG