Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷори бамб дар Балуҷистон


Имрӯз инфиҷори бамб дар як раҳпаймоӣ дар вилояти ноороми Балуҷистон, дар ҷанубу ғарби Покистон мунҷар ба ҷароҳат бардоштани дасти кам 20 нафар шудааст.

Пулис мегӯяд, маводи мунфаҷира дар як мотосикл гузошта шуда буд ва замоне таркид, ки издиҳом ба хотири гиромидошти солгарди дуввуми қатли Наввоб Акбар Буғтӣ, як раҳбари қабилаӣ, ки дар соли 2006 дар як амалиёти низомӣ кушта шуд, ҷамъ омада буд. Сиёсатмадорони қавмгаро ва раҳбарони қабоили балуҷ мухторияти сиёсӣ ва ҳаққи бештар аз даромади манобеъи саршори гази Балуҷистон талаб мекунанд ва ин вилояти ҳаммарз бо Эрону Афғонистон ба ин далел муддатҳост дар панҷаи хушунатҳо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG