Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи шадиди Эҳуд Барак дар мавриди Эрон


Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак дар як баёния гуфтааст, Исроил ҳеҷ гоҳ ба силоҳҳои ҳастаӣ даст ёфтани Эронро нахоҳад пазируфт ва ба хотири расидагӣ ба ин мавзӯъ ягон роҳро истисно нахоҳад кард. Ин баёния ба дунболи мулоқоти Эҳуд Барак бо вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки рӯзи душанбе ба хотири ташвиқи ҷараёни сулҳи Ховари Миёна ба Исроил омад, нашр шуд.

Исроил дар ин баёния аз Амрико даъват мекунад, ба хотири пешгирӣ аз даст ёфтани Теҳрон ба тавлиди силоҳҳоти ҳастаӣ эъмоли таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эронро идома диҳад.

Эрон аммо мукарраран табиъати низомӣ доштани барномаҳои ҳастаияшро радд карда мегӯяд, ҳадафаш танҳо тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.

XS
SM
MD
LG