Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи мотами қурбониёни сониҳаи ҳавопаймо


Имрӯз дар Қирғизистон ба ёди қурбониёни сониҳаи ду рӯз пеши ҳавопаймо рӯзи мотами миллӣ эълон шуда буд.

Дар асари суқути ҳавопаймои мусофирбаре, ки аз фурудгоҳи Манас, 25-километрии Бишкек, роҳии Теҳрон буд, дасти кам 65 нафар ба ҳалокат расиданд, вале ба 25 тан муяссар шудааст аз ин фалокат ҷони солим бадар оваранд.

Мақомот мегӯянд, иллати сониҳа ғолибан фаннӣ будааст.

Ҳавопаймои Боинг ба ширкати хусусии “Итек-Эйр”-и Қирғизистон тааллуқ дошта, беш аз нисфи мусофирон ва ҳайъати халабонҳояш эронӣ будаанд.

Мақомоти тиббии Қирғизистон мегӯянд, Эрон барои анҷоми ташхиси Ди Эн Эй ба хотири маълум кардани ҳуввияти қурбониён изҳори кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG