Пайвандҳои дастрасӣ

Ду киштии ёриҳои Амрико ба бандари Потӣ меоянд


Сафорати Амрико дар Тифлис мегӯяд, ду киштии низомии Амрико як бастаи кӯмакҳоро ба бандари Потии Гурҷистон, ки таҳти дидбонии нирӯҳои Русия қарор дорад, хоҳанд овард.

Сухангӯи сафорат гуфт, ин ду киштӣ бо дархости ҳукумати Гурҷистон рӯзи чоршанбе ба бандари Потӣ хоҳанд расид.

Ин дар ҳолест, ки бандари Потӣ дар пайи низоъи ахири низомӣ миёни Русияву Гурҷистон таҳти назорати нирӯҳои Русия қарор гирифтааст. Муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Анатолий Ноговитсин “мизони баланд”-и ҳузури нирӯҳои баҳрии паймони НАТО дар баҳри Сиёҳро барои ироаи кӯмакҳо ба Гурҷистон нолозим ва нигаронкунанда номидааст.

XS
SM
MD
LG