Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониёву Фаронса Русияро маҳкум карданд


Русия истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, ин ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохт.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи сешанбе дар як паёми телевизионӣ гуфт, ӯ ин тасмимро бо дарназардошти изҳори озоди иродаи мардуми осетину абхоз ва асноди байналмилалӣ гирифтааст: “Ман ба қарорҳо дар бораи аз сӯи Русия эътироф шудани истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва истиқлолияти Абхозистон имзо кардам.”

Ин ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон, ки ҳанӯз дар авоили солҳои 90 худро аз Тифлис мустақил эълон кардаанд, дар ҳафтаи гузашта дар пайи низоъи низомӣ байни Русияву Гурҷистон аз Маскав хостанд, онҳоро ба расмият бишиносад.

Рӯзи душанбе ҳарду маҷлиси парлумони Русия аз истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ пуштибонӣ ва аз раисиҷумҳур Медведев дархост карданд, ки истиқлолияти ҳардуро эътироф кунад.

Дар вокуниш ба тасмими ахири Русия, Бритониё ва Фаронса мукарраран пуштибонии худ аз тамомияти арзии Гурҷистонро изҳор дошта, эътирофи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз ҷониби Русияро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG