Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав Сухуми ва Тсхинвалиро ба расмият шинохт


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи сешанбе гуфт, Русия истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро расман эътироф мекунад. Ин ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон дар ҳафтаи гузашта аз Маскав хоста буданд, онҳоро ба расмият бишиносад. Рӯзи душанбе ҳарду маҷлиси парлумони Русия аз истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ пуштибонӣ ва аз раисиҷумҳур Медведев дархост карданд, ки истиқлолияти ҳардуро эътироф кунад.

XS
SM
MD
LG