Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ба фаъолиятҳои ҳастаӣ баргаштанист


Кореяи шимолӣ имрӯз Амрикоро дар нақзи қарордоди шашгона муттаҳам карда гуфт, тасмим гирифтааст раванди тахриби таъсисоти ҳастаияшро мутаваққиф сохта, имкони азсаргарии фаъолияти реактори ҳастаии Йонгбиёнро баррасӣ кунад. Ин тасмим тавассути телевизиони давлатии Кореяи шимолӣ чунин эълон шуд: “Мо ба зудӣ бо дархости зиёди ниҳодҳои марбутаамон ҷиҳати эҳё ва ба ҳолати табиияш баргардонидани таъсисоти ҳастаии Ёнгбиён тасмим хоҳем гирифт.”

Вазорати хориҷаи Кореяи шимолӣ гуфт, ин тадбир вокуниш ба Амрикост, ки то кунун исми Пхенянро аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм ҳазф накардааст.

Пхенян ба тахриби таъсисоти ҳастаияш бар асоси созишномае, ки дар музокироти шашгона соли гузашта ба даст омад, дар ивази ваъдаи ёриҳои иқтисодиву сиёсӣ пардохта буд.

Амрико гуфтааст, то замоне ки Кореяи шимолӣ механизми шадиди назорат бар ҷараёни тахриби таъсисоти ҳастаияшро напазирад, исмашро аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм хатт намезанад.

XS
SM
MD
LG