Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши кишварҳо барои манобеъи уқёнуси Яхбастаи шимолӣ


Кишвари Канада тасмим гирифтааст, ки ба пажӯҳиши ҳавзаи уқёнуси Яхбастаи шимолӣ бипайвандад.

Ибтидои моҳи оянда киштии яхшикани ин кишвар ба омӯзиши бистари баҳри Бефорт, воқеъ дар шимоли Канада ва Аляска оғоз менамояд.

Ҷейкоб Верҳоеф, раиси яке аз бахшҳои Вазорати захираҳои табии Канада мегӯяд, пажӯҳишгарон харитаи қутбии бистари уқёнусро тартиб медиҳанд. Ҳадафҳои ин пажӯҳиш сирф илмӣ нестанд.

Муассисаи миллии заминшиносии ИМА бар ин назар аст, ки дар ҳавзаи уқёнуси Яхбастаи шимолӣ ҳадди ақалл 90 миллиард баррел ё худ бушка захираи кашфношудаи нафт нуҳуфтааст. Ин миқдор ба 13% захираи кашфношудаи нафти рӯи олам баробар аст. Ҳамчунин, ин идораи амрикоӣ тахмин мекунад, ки дар ин минтақа 30% захираи кашфношудаи гази табиии оламро метавон пайдо кард.

Панҷ кишвари соҳилҳои уқёнус: Канада, Дания, Норвегия, Русия ва ИМА дар мавриди соҳибистиқлолӣ ва ҳиссаашон дар бистари ин уқёнус баҳс доранд.

Эъломияи СММ дар масъалаи қавонини баҳрӣ иҷозат медиҳад, ки кишвари соҳилӣ то 200 мили баҳрӣ ё худ 370 километри соҳилро ҳамчун ҳиссааш арзёбӣ намояд. Ягона шарт ин аст, ки кишвар пайвасти ин минтақаи зери обӣ ба фалоти қораро собит намояд.

Солҳои ахир бо гармшавии ҳаво ва обшавии ях рафтуомад ба ин минтақа ва имкони истихроҷи захираҳои саршори он осонтар шудааст. Роб Ҳуберт профессори Донишгоҳи Калгарии Канада мегӯяд, Русия дар сабқат барои дастрасӣ ба захираҳои бистари Уқёнуси шимолӣ пешдастӣ дорад. Соли гузашта пажӯҳишгарони Русия дар қаъри баҳр дар рости қутби шимолӣ парчами кишварашонро афрохта, даъвоҳояшонро ошкор намуданд.

Дар як нишасти байналмилалӣ, ки ахиран дар Дания доир шуд, зарурати ҳамкории кишварҳои соҳилӣ дар ташхиси бистари Уқёнуси шимолӣ таъкид шуд. Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Мёллер гуфт, кишварҳои соҳилӣ бояд ба аҳли олам нишон диҳанд, ки таҳқиқи минтақа ва истифодаи имконоти бо масъулият арзёбӣ хоҳанд шуд. Собиқ вазири корҳои хориҷии Канада Питер Маккай гуфт, даврони мустамликадории қарнҳои гузашта, ки дар он кишварҳо ҳаққи худро ба воситаи парчамшинонӣ дар миён мегузоштанд, аз байн рафтааст.

Дар ин иртибот вазири корҳои хориҷии Русия эътироф кард, ки шинондани парчам дар қутби Шимолӣ маънии иддаои ин минтақа ва марзгузориро надорад, вале дар айни замон афзуд, ӯ бо усули возеҳи илмӣ метавон собит кард, ки қутби шимолӣ дар фалоти қора қарор дорад.

XS
SM
MD
LG