Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои Ғарб дар бораи бӯҳрони Қафқоз


Бӯҳрон дар Қафқоз ҳанӯз ҳам мавзӯъи меҳварии нашрияҳои ғарбист. Ба навиштаи ин нашрияҳо, вазъ дар минтақа оромтар шудааст, аммо нирӯҳои Русия то кунун хоки Гурҷистонро комилан тарк накардаанд ва менависанд, рафтори Маскав ҷиҳати ҳифзи минтақаи зери нуфуз собит шуд ва Ғарб дар муқобили он заъфи худро намоиш дод.

Рӯзномаи фаронсавии «Ле Фигаро» хабар додааст, ки Шӯрои федеросюни Русия якдилона ба эътирофи истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аз ҳайати Гурҷистон овоз додаанд. Ва навиштааст, 130 вакил даъвати президент Медведев дар робита ба эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистонро пазируфтанд. Ба қавли рӯзнома, ин иқдом як арзиши рамзӣ дорад ва ин давлати Русияро барои чизе муваззаф намекунад, аммо ба оташи ҷанг дар Қафқоз равған мерезад.

Дар зимн, «Либерасион» - рӯзномаи дигари фаронсавӣ як сӯҳбати ихтисосӣ бо Михаил Саакашвилӣ, раисҷумуҳури Гурҷистонро анҷом дода, суол гузаштааст, ки оё бо эътирофи истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аз сӯи Русия Гурҷистон ин ду ҷумҳуриро комилан аз даст дод? Дар посух оқои Саакашвилӣ гуфтааст, «на, эътирофи истиқлоли ин ду ҷумҳурӣ иштибоҳи маҳз ва кӯшиши тағйири марзҳои Аврупо аз сӯи Русия аст». Ва афзудааст, «ин оқибати хеле фоҷиабор, аз ҷумла барои Русия дорад, ин поймол кардани ҳуқуқи як миллати дигар аст».

Нашрияи «НюсУик»-и амрикоӣ изҳороти Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар робита ба бӯҳрони Қафқозро нашр кардааст, ки аз ҷумла ӯ гуфтааст: «Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар моҳи ҷорӣ тасмим гирифт, то аҳдофи сиёсии худро аз тариқи зӯроварӣ бароварда созад». Аммо афзудааст, «иштироки Русия дар воқеъоти Осетияи ҷанубӣ ба идеология ягон иртибот надорад ва низ Русия тасмими иваз кардани режим дар Гурҷистонро нагирифтааст». Ҳамчунин, ба қавли Лавров, Русия ҳеҷ гоҳ эҳёи марзҳои СССР-и собиқро нагирифтааст ва ин танҳо ба хотири таъмини суботи комил дар Қафқоз аст.

«Вашингтон пост» назари Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин дар робита ба бӯҳрон дар Қафқозро нашр карда, дар истинод ба гуфтаи ӯ навиштааст, даргириҳои ахир дар Қафқоз собит сохт, ки усули ягонаи таъмини амнияти Укроин ва дигар кишварҳо, ин ширкат дар системаи амнияти дастаҷамъии кишварҳои соҳбистиқлоли демократӣ, дар мисоли НАТО аст. Юшенко гуфтаст, Укроин асири ҷанге шуд, ки Русия онро идома медиҳад ва ин ҷанг ҳукумати Укроин ва тамоми мардуми кишварро маҷбур кард, ки аз хавфе андеша кунанд, ки флоти Баҳри сиёҳи Русия дар қаламрави ин кишвар мустақар шудааст.

«Франкфуртер алгемайн»-и Олмон навиштааст, ки ҳамсоякишварҳои Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ дар робита ба ҷанги Русия дар Қафқоз ё хомӯшӣ пеша кардаанд ва ё Маскавро зери интиқод кардаанд. Ба қавли рӯзнома, назорати оромонаи иқдомҳои Маскав дар муқобили Гурҷистон аз сӯи ҳамсоякишварҳои Русия ва давлатҳои ҳамсуд он аст, ки дар ин кишварҳо теъдоди зиёди сокинон рустаборанд.

XS
SM
MD
LG