Пайвандҳои дастрасӣ

Бенизомӣ садди мубориза бо Толибон нахоҳад шуд


ИМА изҳори умедворӣ намуд, ки аз ҳам рехтани эътилофи ҳукмрони Покистон ба ҳамкориҳои Вошингтон ва Исломобод халал ворид нахоҳад кард. Роберт Вуд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, бенизомӣ дар Покистон кори дохилии Исломобод аст ва садди роҳи муборизаи муштараки ду кишвар бо Толибон нахоҳад шуд. Дирӯз сарвазири собиқи Покистон Навоз Шариф гуфт, ки бо сабаби дар вазифаҳои пешин барқарор нашудани додрасҳои аз сӯи раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф барканоргашта эътилофи ҳукмронро тарк мегӯяд.
XS
SM
MD
LG