Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ҳалокати афғонҳои осоиштаро тафтиш мекунад


Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки пажуҳиши сабабҳои ҳалокати теъдоди бузурги мардуми осоиштаи вилояти Ҳироти Афғонистон бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ идома дорад. Ин иттилоъ баъди он пахш гардид, ки ҳукумати Афғонистон хостори бознигарии созишҳо оид ба ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар кишвар шуд. Тибқи хабарҳо, мақомоти кишвар мехоҳанд доираи амали ин нерӯҳо мушаххас ва ба ин васила, ба гуфтаи Кобул, аз куштори мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва кофтукоби манзил аз сӯи низомиёни хориҷӣ ҷилавгирӣ шавад. Талаби бознигарии шароити ҳузури нерӯҳои байнулмиллаӣ дар Афғонистон як рӯз баъд аз он ба миён омад, ки як комиссиюни ҳукуматӣ ҳалокати беш аз 90 сокини осоишта бар асари як ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар минтақаи Шиндонди вилояти Ҳиротро тайид кард. Аммо нерӯҳои амрикоӣ гуфтанд, ки дар ин ҳамла 30 тан аз толибон кушта шудаанд.

Тони Фратто, намояндаи Кохи Сафед гуфт, ки Вошингтон нигаронии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар робита ба ҳалокати мардуми осоиштаро хуб дарк мекунад.
XS
SM
MD
LG