Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи муҷассамаи Рӯдакӣ дар Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи марказии шаҳр, ки номи ин поягузори шеъри тоҷикӣ-форсиро дорад, ширкат ва суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки муҷассамаҳои ду абармарди таърихи тоҷикон Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “рӯ ба рӯ, дар канори ҳам дар дили пойтахти давлати тоҷикон қад афрохтанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки "боғи марказии фароғатии пойтахт бо ҷилои ҳусну тозагии дигар номи мубораки Рӯдакиро гирифт". Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “дар зодгоҳи шоир, деҳаи Панҷрӯд оромгоҳи ӯ куллан бозсозӣ гардид” ва “он зиёратгоҳи доимии мардуми шеъру фарҳангпарвари кишвар ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад шуд”. Раисиҷумҳур ҳамчунин хабар дод, ки донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ барои пажуҳишаш мавсум ба “Муҳити зист, аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ”, ки ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта дар Теҳрон чоп шуда сароғози илми рӯдакишиносӣ гардид, ба ҷоизаи адабии ба номи устод Рӯдакӣ сазовор дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG