Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани демократҳои ИМА ифтитоҳ шуд


Дар шаҳри Денвери аёлати Колорадои ИМА анҷумани Ҳизби демократ ифтитоҳ шуд, ки қарор аст дар он Барак Обама ба ҳайси номзади ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико пазируфта шавад. Дар анҷуман беш аз чаҳор ҳазор вакилон, даҳҳо ҳазор ҷонибдорони Барак Обама, меҳмонони хориҷӣ ва хабарнигорон ширкат доранд. Дар ин нишаст ба пайвандон ва дӯстони Обама имкон дода мешавад, ки суханронӣ кунанд. Аз ҷумла, суханронии хонуми ӯ аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш хоҳад шуд.

Анҷуман то рӯзи панҷшанбе идома меёбад ва дар рӯзи ахир Барак Обама барномаи худро муаррифӣ хоҳад кард. Аз ин пеш Обама эълом дошт, ки дар сабқат барои Кохи Сафед ҳамроҳи ӯ сенатор Ҷозеф Байден ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раисиҷумҳур ширкат мекунад.

Анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон рӯзи 1 сентябр ифтитоҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG