Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА иттилоъи Нурӣ Ал-Моликиро рад кард


Иёлоти Муттаҳида иттилоъ дар бораи мушаххас шудани ҷадвали хуруҷи нерӯҳои кишвар аз Ироқро рад кард. Дирӯз Нурӣ ал Моликӣ, сарвазири Ироқ гуфт, ки бо Вошингтон дар робита ба созиши амниятӣ ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар тавофуқ ҳосил шудааст. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сарони қабоил Ал-Моликӣ изҳор намуд, ки ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ соли 2011 поён хоҳад ёфт. Сарвазири Ироқ афзуд, ки шурӯъ аз миёнаҳои соли оянда низомиёни Иёлоти Муттаҳида гаштҳои амниятии худ дар манотиқи Ироқро қатъ мекунанд.

Роберт Вуд, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико дар посух ба ин гуфтаҳо изҳор намуд, ки тарҳи созиш бо Бағдод таҳия шудааст ва аммо дар мавриди хуруҷи нерӯҳо мувофиқа ҳосил нашудааст.

Мақомоти ИМА талош мекарданд, ки дар музокирот бо Бағдод оид ба имзои созиши амниятӣ аз мушаххас кардани ҷадвали хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ парҳез шавад. Мандати Шӯрои Амнияти СММ барои ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ охири ҳамин сол поён меёбад ва созиши амниятӣ миёни Вошингтон ва Бағдод барои идомаи будубоши ин нерӯҳо дар Ироқ шароит фароҳам меоварад.
XS
SM
MD
LG