Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва Аврупо мухолифи тасмими порлумони Русия


ИМА ва кишварҳои узви Итиҳодияи Аврупо аз раисиҷумҳури Русия даъват карданд, ки ба даъватҳои эътирофи истиқлолияти ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон посухи рад диҳад. Дирӯз ҳарду палатаи порлумони Русия – Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсион хоҳиши мақомот ва порлумонҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон барои эътирофи истиқлоли ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро пазируфтанд ва аз раисиҷумҳур Дмитрий Медведев хостори имзои санад дар ин бора шуданд.

Ангела Меркел, сарвазири Олмон гуфт, ки, аз нигоҳи ӯ, раисиҷумҳури Русия зери дархостҳои порлумон имзо нахоҳад гузошт, зеро "ин иқдом ба афзоиши танишҳо дар минтақаи Қафқоз мусоидат хоҳад кард".

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Британиё эълом дошт, ки “тасмими Думаи давлатии Русия ба ҳеҷ кас суде нахоҳад овард”. Департаменти давлатии Амрико низ имкони эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи Русияро мавриди интиқод қарор дод ва эълом дошт, “ҳар иқдоме, ки якпорчагии Гурҷистонро зери шубҳа мебарад, барои Вошингтон ғайри қобили қабул хоҳад буд”.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили тасмими парлумони Русияро ғайриқонунӣ хонда гуфта буд, ки “Русия талош дорад Гурҷистонро ба фазои собиқ шуравӣ баргардонад”.

XS
SM
MD
LG