Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Райс барои ташвиқи сулҳ вориди Исроил шуд


Имруз хонум Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико барои боздид вориди Исроил шуд, то ҷонибҳои Исроилу Фаластинро ба сулҳи минтақа ташвиқ кунад. Аз моҳи ноябри соли 2007 ин ҳафтумин боздиди хонум Райс аз минтақа аст. Моҳи ноябри соли 2007 Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқот бо раҳбарони Исроилу Фаластин аз онҳо хост, ки то поёни соли ҷорӣ ба сулҳ даст ёбанд.
XS
SM
MD
LG