Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё: Баъзе тамосҳои НАТО ва Русия заруранд


Имруз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш барои муттавақиф сохтани ҳамаи иртибот бо НАТО омода аст, агар ин паймон ҳамкориаш бо Руссияро муттавақиф созад.

Пештар Бритониё гуфт, бовар дорад, ки муттавақиф сохтани тамоми равобити НАТО бо Русия иштибоҳ аст, бо вуҷуди он ки Русия дар Гурҷистон даст ба амалиёти низомӣ задааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Бритониё гуфтааст, ҳамаи пайомадҳои амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон бояд дар назар гирифта шавад, вале боздоштани ҳамаи тамосҳои НАТО бо Русия иштибоҳ хоҳад буд, дар ҳоле, ки чунин тамосҳо хеле зарурианд.
XS
SM
MD
LG