Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ:Ҷанг боъиси $ 2 милярд хисорот шудааст


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, муноқиша бо Руссия барои Гурҷистон боъиси тақрибан 2 милярд доллар хисорот шудааст. Оқои Саакашвилӣ дар мусоҳиба бо рузномаи "Файненшал Таймс"-чопи Бритониё гуфтааст, зербанои кишвараш, роҳҳои автомобилрав ва оҳан ҳудуди 2 милярд доллар зарар дидаанд. Дар ин мусоҳиба Саакашвилӣ Руссияро муттаҳам кардааст, ки қабл аз ҳамлаи Гурҷистон тонкҳояшро дар Осетияи Ҷанубӣ мустақар кардааст. "Файненшал Таймс" навиштааст, ин гуфтаҳои Саакашвилиро манобеъи мустақил то ҳол таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG