Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон муддате марзҳояшро мебандад


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Тоҷикистон, ин кишвар дар остонаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Душанбе марзҳои худ бо кишварҳои ҳамсояашро мебандад. Ин иқдом ҳадафҳои амниятӣ доштааст. Дар ин бора Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон хабар додааст. Шералӣ Мирзо-фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, дар марз бо Афғонистон посгоҳҳои изофӣ гузошта мешаванд. 28-уми август дар Душанбе мулоқоти раҳбарони созмони Шонгҳой баргузор мешавад. Руссияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон дар ин созмон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG