Пайвандҳои дастрасӣ

«Раъйро такон бидеҳ!»


Як созмон дар Вашингтон дар тӯли ҳудудан 20 соли фаъолияташ кор бо ҷавонҳо ва раъйдиҳандагони ҷавонро дар интихобот ҳадафи худ қарор додааст.

Ин созмон Rock the Vote ном дорад, ки ба тоҷикӣ чун "такон додан" ё "ба ларза даровардани раъй" тарҷума мешавад. Ин созмон мегӯяд, ки имсол, яъне дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шароити овоздиҳии овоздиҳандагони ҷавонро тавассути ду барномаи серистифодаи компютерии Xbox Live ва Xbox 360 фароҳам меорад. Ҳадаф аз ин осон кардани ҷараёни ширкати раъйдиҳандагон дар интихобот аст, албатта. Аммо мақсади бузургтари онҳо ташвиқи шумори бештари ҷавонҳои кишвар барои ширкат дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози Амрико гуфта мешавад.

Шарти ширкат дар интихобот ва раъйдиҳии интернетӣ ин будааст, ки шаҳрвандони аз 18 болои ИМА бояд аввал сабти ном шаванд. Ин муқаррарот шурӯъ аз 25 август амал мекунад. Хулоса, вориди саҳифаи интернетии ин созмон шуда, ба чанд пурсиши бунёдии саволномаи мазкур ҷавоб медиҳед: мегӯед, ки синнатон чанд асту шаҳрванди ИМА ҳастед ё на, исму суроғаи зисти худро навишта мекунед, шаҳру иёлати зисти худ, машғулият, ҳизби мавриди эътимоди худро зикр мекунед. Ва баъдан фарорасии марҳилаи интихоботро интизор мешавед.

Бояд гуфт, ки фурсати ширкат дар раъйдиҳии электронӣ баробар бо рӯзи интихобот набудааст: Rock the Vote дар ҳамоҳангӣ бо хадамоти масъули интихоботҳои Амрико таърихи овоздиҳиро барои ҳар як иёлат дар рӯзу ҳафтаҳои наздик ба интихобот, яъне дар моҳи октябр таъйин кардааст. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба 4 ноябри имсол муқаррар шудааст. Барои онҳое, ки таърихи раъдиҳиро фаромӯш мекунанд, сомона омода аст, огоҳии пешакие дар ин замина бифиристад.

Масъулони Rock the Vote мегӯянд, ки умедвор ҳастанд, дар ҷараёни раъйдиҳии имсола метавонанд ҳудуди 2 миллион ҷавони амрикоиро ҷалб кунанд. Аслан, василаҳои ҷалби ҷавонон барои ширкат дар маъракаҳои аз назари бархе дилгиркунандаву пуртаблиғоти сиёсӣ ҳам хеле ҷолиб аст: онҳо тавассути ҳунармандону овозхонҳои хеле маъруф, амсоли Мадоннаву Кристина Агиллера ба ҷавонҳо дар бораи масъулият ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандии ҷавонҳо сӯҳбат мекунанд, тавзеҳ медиҳанд, ки чаро ширкат дар раъйдиҳиву назорат аз ҷараёни интихобот, таваҷҷӯҳ ба барномаҳои интихоботии ҳизбҳову номзадҳо муҳим аст.

Назар ба арзёбиҳои масъулони Rock the Vote онҳо дар ин самт ба натиҷаҳое даст ёфтаанд ва фаъолияти худро ҳамингуна идома хоҳанд дод. Бояд гуфт, дар марҳилаҳои берун аз интихоботҳо, ин созмон бо таҳқиқоту назархоҳиҳо, пажӯҳиши афкори ҷавонон роҷеъ ба масоили мухталифи сиёсӣ машғул мешавад. Яке аз тарҳҳои онҳо ба боло бурдани донишҳои сиёсии ҷавонҳои африқоитабори амрикоӣ, омӯзиши назари онҳо роҷеъ ба мушкилот ва ниёзмандиҳояшон тамаркуз кардааст.

XS
SM
MD
LG