Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил 198 зиндонии фаластиниро раҳо кард.


Рӯзи 25 август ба нишони пуштибонӣ аз раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос Исроил 198 маҳбуси фаластиниро аз зиндонҳояш раҳо кард. Дар ҳамин ҳол, бо мақсади ташвиқи иҷрои сулҳи Ховари Миёна котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ба ин минтақа сафар кардааст.

Ҳангоми вуруд ба соҳили ғарбии рӯди Урдун аксари маҳбусони фаластинии раҳошуда ба зону зада, хоки ватанашонро бӯса карданд. Дар роҳ ба қароргоҳи Маҳмуд Аббос, воқеъ дар Ромаллоҳ - маркази сиёсии фаластиниҳо, мардум саф кашида, маҳбусони собиқро бо шиорҳо ва таронаҳои ватандӯстона пешвоз гирифтанд.

Маросими раҳоии маҳбусон ҳамагӣ чанд соат пеш аз 18-умин сафари котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ба Ховари Миёна доир шуд. Мансабдори баландпояи амрикоӣ саъй дорад, раванди сулҳро, ки ноябри гузашта бо ташаббуси президенти ИМА Ҷорҷ Буш оғоз ёфта буд, суръат бахшад.

Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Франс пресс дар Ромаллоҳ Саид ал-Аттаба гуфтааст, ки ин рӯз барои муборизони роҳи озодиву истиқлол мисли як ид аст. Ал-Аттаба соли 1977 бо ҷурми куштори зани исроилӣ ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум шуда буд. Дар идомаи сӯҳбат ин маҳбуси собиқ афзудааст, ки хушҳолии фаластиниҳо замоне такмил меёбад, ки 11000 маҳбуси боқимондаи фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод шаванд. Мақомоти Исроил ҳамроҳ бо ал-Аттаба Муҳаммад Иброҳим Абу Алиро, ки соли 1979 бо ҷурми куштори донишҷӯи исроилӣ зиндонӣ шудаанд, раҳо намуданд. Ин амали истисноӣ боиси баҳсҳои зиёд шудааст. Аслан исроилиҳо афроди масъули кушторро, ки ба истилоҳ дасташон олудаи хун аст, аз зиндон озод намекунанд.

Раҳоии маҳбусони фаластиниро ибтидои моҳи равон сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт пешниҳод кард, то ҳукумати Аббос дар миёни фаластиниҳо эътибори бештар касб намояд. Аз сӯе ҳам ин амал дар арафаи боздиди Кондолиза Райс аз минтақа ба вуқӯъ пайвастааст. Маъмурияти президенти ИМА умед дорад, ки то охири даври раёсатҷумҳурии президент Буш, яъне дар ибтидои соли 2009-ум созиши умумии сулҳи миёни Исроилу фаластиниҳо ба имзо мерасад.

Ҷои ёдоварист, ки то ҳанӯз масъалаҳои калидии баҳси ду ҷониб - марзҳои ниҳоӣ, мақоми шаҳри Байтулмуқаддас ва сарнавишти 4,6 миллион паноҳандаи фаластинии дар СММ сабт гардида, ҳалли худро пайдо накардааст.

Моҳи июн аснои зиёрати ахираш аз Исроил хонум Райс тавсеаи маҳаллаҳои яҳудӣ дар соҳили ғарбиро танқид карда буд. Зимнан, сарвазир Олмерт тасмим гирифтааст, моҳи оянда аз мансабаш барканор шавад, то номашро аз иттиҳоми фасод пок намояд. Вазири корҳои хориҷии Исроил Тсипӣ Ливнӣ ва вазири нақлиёти ин кишвар генерал Шаул Мофаз ҳамчун довталаби мақоми раҳбари ҳизби ҳокими Кадима мебошанд, ки Олмерт аз раҳбарии он низ ба истеъфо хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG