Пайвандҳои дастрасӣ

Олимпичиёни тоҷик ба Душанбе баргаштанд


Дилшод Назаров бо парчами Тоҷикистон дар маросими гушоиши Бозиҳои Пекин

Дилшод Назаров бо парчами Тоҷикистон дар маросими гушоиши Бозиҳои Пекин

Дастаи олимпии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 26-уми август аз Чин ба фурудгоҳи Душанбе расид.

Варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо касби ду медал: як нуқра ва як биринҷӣ дар байни 87 кишвари соҳиби медал гардида, аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи 57-умро касб карданд, бешак ба дастоварди бузург ноил шуданд. Тоҷикистон дар се Олимпиадаи пешин: Атланта - 1996, Сидней - 2000 ва Афина - 2004 медал ба даст наоварда буданд.

Инчунин, Тоҷикистон барои нахустин бор бо шумули 15 нафар дар 8 ришта: гуштии озод - ду нафар, дзюдо – се нафар, бокс – се нафар, гурзандозӣ - ду нафар, шиноварӣ - ду нафар ва як нафарӣ дар камонварӣ, тирандозӣ ва вазнабардорӣ ҳунарнамоӣ карданд. Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, Расул Боқиев дар навъи дзюдо то 73 кило маҳорати баланд зоҳир намуда, пас аз 16 сол ба Тоҷикистон нахустин медалҳои олимпиро оварданд.

Инчунин, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило ва Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Гурзандоз Дилшод Назаров, ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт, бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр байни 11 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷойгир шуд. Вале, варзишгарони тоҷик дар ду ришта: камонварӣ ва тирандозӣ натоиҷи паст нишон доданд. Натиҷаҳои ба дастовардаи шиноварон нисбат ба Олимпиадаҳои пешин хубтар аст.

Дар Пекин 302 маҷмӯъи медалҳо (303 тилло, 353 нуқра, ва 958 биринҷӣ) соҳибони худро пайдо карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин аз ҳама бештар: 51 медали тило ба даст овард. Аз ҳисоби медали тило ИМА бо касби 36 нишон дар ҷойи дуввум, Русия бо 23 тило дар мақоми савум қарор гирифтанд.

Аз рӯйи шумораи умумии медалҳо ИМА бо касби 110 медал аввалин шуд, Чин бо касби 100 медал дуввум, ва Русия бо касби 72 медал дар ҷойи савум қарор гирифтанд.

Байни кишварҳои Осиёи марказӣ Қазоқистон ба натоиҷи баланд ноил гардида, 13 медал: 2 тило, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст овард. Узбакистон бо касби 6 медал: 1 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дуввум аст. Қирғизистон бо Тоҷикистон натоиҷи мушобеҳ: 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Туркманистон умуман аз байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ягона кишварест, ки медал нагирифтааст.

Инчунин бояд тазаккур дод, аз байни 87 кишвари соҳиби медалҳои олимпӣ гардида, 55 кишвар медалҳои тило ба даст овардаанд.

Ба умеди пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012, ин охирин гузориши хабарнигораи варзишии Радиои Озодӣ ва раиси Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Пекин буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG