Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳматулло Зойиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон гуфтааст, аз болои мақомоти давлатӣ ба иллати дар муддати таъиншуда баррасӣ нашудани дархости бозаш ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Раҳматулло Зойиров дар рӯзи 22 май бо як дархости боз аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, то ӯро барои ду сол вазири адлия таъин кунад. Пас аз як моҳи дархосташ Р. Зойиров аз муовини раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур посух гирифтааст, ки дархости ӯ ба мушовири давлатӣ фиристода шудааст. Ҷаноби Зойиров гуфтааст, аз он рӯз ду моҳ паси сар шудааст, вале то кунун ӯ посухи дигаре нагирифтааст.

Раҳматулло Зойиров гуфтааст, дар асоси қонун дархостҳои шаҳрвандон дар муддати як моҳ бояд посух бигиранд.

Ҳамакнун, Раҳматулло Зойиров мақомотро барои он ки ба дархости ӯ дар муддати таъиншуда посух надодаанд, ба ҷавобгарӣ кашидан мехоҳад. Барои ин, аввалан ӯ мехоҳад, ки аз Додситонии кулл дар ин қазия кӣ посухгар дақиқ бикунад.

XS
SM
MD
LG