Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Федеросюн хостори истиқлоли ҷудоихоҳон шуд


Шӯрои Федеросиюни Русия аз Д.Медведев дархост кард, ки истиқлоли Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият бишносад.

Ҳамаи аъзои Шӯрои Федеросиюн (Маҷлиси болоии порлумони Русия) бо иттифоқи оро ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим раъй доданд.

Сергей Миронов - раиси Шӯрои Федеросиюн дар хитоб ба намояндагон чунин изҳор дошт:

"Мардуми Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон барои истиқлол ҳамаи ҳуқуқро доранд. Ва яке аз усули аслии қонунӣ барои шинохти истиқлол усули бунёдии қонуни байнулмиллалист, ки тибқи он мардум ҳақ доранд, сарнавишти худро таъйин кунанд".

Қарор аст, то поёни имрӯз Думои Давлатӣ низ ин масъаларо баррасӣ кунад.

Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ дар солҳои 1990-ум аз Гурҷистон ҷудо шуданд, вале то ҳол на Русия ва на кишвари дигари узви СММ даъвои истиқлоли онҳоро напазируфтаанд.

Ахиран, раҳбарон ва порлумонҳои ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз раисҷумҳури Русия, Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федеросюни Русия хостори эътирофи мустақилияташон шуданд.

Як ҳафта пеш Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Эдуард Кокойта ва Сергей Багапш, раҳбарони Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон эълом дошт, ки Маскав аз ҳама гуна тасмими Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар бораи мақоми ин ҷумҳуриҳо пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG