Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Русия хостори истиқлоли ҷудоихоҳон шуд


Намояндагони Шурои Федеросиюни Русия ва Думои Давлатии ин кишвар аз раиси ҷумҳури худ дархост карданд, ки истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубиро, ки ба ҳайати Гурҷистон шомиланд, ба расмият бишносад. Ҳамаи аъзои Шӯрои Федеросиюн бо иттифоқи оро ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим рай доданд. Сипас Думои давлатӣ низ аз ин тасмим ҷонибдорӣ кард. Сергей Миронов-раиси Шӯрои Федеросиюн хитоб ба намояндагон чунин изҳор дошт:
"Мардуми Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон барои истиқлол ҳамаи ҳуқуқро доранд. Ва яке аз усули аслии қонунӣ барои шинохти истиқлол усули бунёдии қонуни байналмиллалист, ки тибқи он мардум ҳақ доранд сарнавишти худро таъйин кунанд".
Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар солҳои 1990-ум аз Гурҷистон ҷудо шуданд, вале то ҳол на Русия ва на кишварҳои дигари аъзои СММ даъвои истиқлоли онҳоро напазируфтаанд.
XS
SM
MD
LG