Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамитов: Суқути ҳавопаймо ҳамлаи террористӣ нест


Мақомоти Қирғизистон фарзияи бар асари ҳамлаи террористӣ суқут кардани ҳавопаймои Боинг 737-ро қатъӣ рад карданд. Мушовири раиси ҷумҳур Таҳон Мамитов гуфт, ки фоҷиа бар асари мушкили фаннӣ рух додааст. Суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Бишкек мунҷар ба ҳалокати 68 нафар гардид. Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар ин ҳодиса 22 нафар, аз ҷумла, халабонҳои ҳавопаймо ҷон ба саломат бурдаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин ҳавопаймо, ки сӯи шаҳри Машҳади Эрон парвоз мекард, 90 мусофир – шаҳрвандони Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Канада, Чин ва Туркия ҳузур доштанд. Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин гуфтанд, ки аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба волейбол низ дар ҳавопаймо буданд.
XS
SM
MD
LG