Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар маҳфил


Дирӯз бар асари таркишҳо дар канори шаҳри Бағдод дасти кам 25 нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи полис, аз ҷумла, як маргталаб худро миёни меҳмонони маҳфили яке аз раҳбарони сунниҳо, ки бозгашти писараш аз маҳбаси низомии амрикоиро таҷлил мекард, инфиҷор намуд. Дар ин ҳодиса занону кудакон, кормандони полис ва ҳамчунин чанд тан сарбозони гурӯҳҳои суннимазҳаб, ки дар мубориза алайҳи "Ал-Қоида" бо нерӯҳои амрикоӣ ҳамдастӣ мекарданд, ба ҳалокат расидаанд.

Масъулияти ин ҳамлаи маргталабонаро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтаааст.

XS
SM
MD
LG