Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо 68 нафар ба ҳалокат расидаанд


Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон дар робита ба суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Бишкек иттилоъи нав пахш кард. Тибқи ин хабар, суқути ҳавопаймои "Боинг-737" мунҷар ба ҳалокати 68 нафар шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 22 нафар, аз ҷумла, халабонҳои ҳавопаймо ҷон ба саломат бурдаанд ва айни ҳол таҳти назорати табибон дар бемористон қарор доранд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳавопаймо, ки сӯи шаҳри Машҳади Эрон парвоз мекард, 90 мусофир – шаҳрвандони Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Канада, Чин ва Туркия ҳузур доштанд. Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин гуфтанд, ки аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон оид ба волейбол низ дар ҳавопаймо буданд ва аммо дар бораи он ки нафаре аз онҳо зинда мондааст ё хайр, иттилоъе зери даст нест.
XS
SM
MD
LG